САҲА: "Русия маҳдудият ҷорӣ мекунад"

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дирӯз гуфт, ки Русия дар фаъолияти нозирони ин созмон, ки барои назорат аз интихоботи парлумонии 2 декабр сафарбар шудаанд, маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунад. Хонум Урдур Гуннарсдотир, сухангӯи ниҳоди масъули назорат аз интихоботҳои назди САҲА гуфт, ки дар даъватномаи Камиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфта мешавад, ки ҳайати нозирони ин созмон "метавонад ҳадди аксар аз 70 нафар" ва танҳо аз нозирони кӯтоҳмуддат иборат бошад. Дирӯз Камиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфт, ки барои назорат аз ҷараёни интихобот ба кишвар ҳудудан 300 то 400 нафар даъват мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи гузаштаи Русия соли 2003 танҳо аз тарафи САҲА 400 нозир фиристода шуда буд.