Як қозии испанӣ дирӯз 21 нафарро дар ҳодисаи таркиши қаторҳои Мадрид дар соли 2004 гунаҳгор донист. 7 нафари дигар, аз ҷумла як марди мисрӣ, ки дар шумули муттаҳамони ин ҳодиса шумурда мешуданд, сафед шуданд. Се нафари аслии масъули ин ҳамлаҳо дар маҷмӯъ барои 40 ҳазор сол равонаи зиндон шуданд, ҳарчанд, тибқи қонунҳои Испания, мизони ҳадди аксари ҳукми зиндон то 40 солро ташкил мекунад. Дар ҳодисаи бомбгузории чаҳор қатори мусофирбар се соли пеш 191 нафар ба ҳалокат расида, наздики ду ҳазор нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Додситонӣ гуфт, ки ҷинояткорон аъзои як гурӯҳи низомии исломӣ буданд, ки сарчашмаи "илҳомашон" шабакаи террористии Ал-Қоида будааст.