Даъвати ҳайратовари Русия аз САҲА

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз гуфт, Русия хостааст, то теъдоди маҳдуди нозирони ин созмон интихоботи порлумонии моҳи декабр дар Русияро назорат кунанд. Урдур Гуннарсдотир - сухангӯи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, мақомоти интихоботии Русия расман хостаанд, барои назорати интихоботи порлумонӣ ҳадди аксар 70 нозири кутоҳмуддат фиристода шавад. Кумиссиёни Марказии Интихоботи Русия пештар гуфт, барои назорати интихоботи порлумонии моҳи декабр 400 нозир даъват кардааст. Дар интихоботи порлумонии пешини соли 2003 дар Русия танҳо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бештар аз 400 нозир фиристода буд.