Ёдбуди қурбониёни террори шуравӣ дар Русия

Владимир Путин – раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида имрӯз аз маҷмааи ёдгории “Бутовский полигон” дидан кард. Дар ин мавзеъ солҳои 1937-38 - айёми террори сталинӣ беш аз 20 ҳазор маҳбусони сиёсӣ ба қатл расиданд. Владимир Путин барои нахустин бор дар маросимҳои Рӯзи ёдбуди қурбониёни террори шуравӣ ширкат кард. Дар чаҳорчӯби Рӯзи ёдбуд садҳо нафар дар хиёбони Лубянкаи Маскав – бинои собиқ Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гирди ҳам омада, аз қурбониёни террори солҳои 30-юм ёд оварданд.

Ҳафтод сол пеш – соли 1937 таъқиби мухолифини давлати шӯравӣ оғоз ёфт ва бо иттиҳомоти гуногун, асосан, ҷосусӣ беш аз якуним миллион нафар боздошт ва тақрибан нисфи онҳо кушта шуданд.