Вазорати амнияти миллии Озарбойҷон мегуяд, нируҳои амниятӣ аз як ҳамлаи, ба қавли онҳо, аслии террористӣ бар зидди таъсисоти муҳим ва сафоратхонаҳои кишварҳои Ғарбӣ дар Боку пешгирӣ кардаанд. Мақомоти Озарбойҷон мегуянд, ин ҳамла дар ҳоле тарҳрезӣ шудааст, ки нируҳои амниятӣ бар зидди тундравҳои исломӣ дар ин кишвар мубориза мекунанд. Ба гуфтаи Ориф Бобоев-сухангуи вазорати амнияти миллии Озарбойҷон, чанд нафар аз аъзои як гуруҳи террористӣ боздошт шудаанд. Баъд аз ин хабар сафоратхонаи Бритонё дар Боку баста шудааст ва Амрико фаъолияти сафоратхонаи худро маҳдуд кардааст.