Як намоишгоҳ бахшида ба зодрӯзи раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV дар Душанбе ифтитоҳ гардид.
Дар ин намоишгоҳ, ки аз сӯи намояндагии Созмони Оғохон дар Тоҷикистон таҳия гардидааст, як қатор расму асарҳо дар бораи фаъолияти ин созмон дар кишварҳои ҷаҳон ва ҳамчунин Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст.