80 ситезаҷуи Толибон дар Афғонистон кушта шуданд

Нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон 80 нафар аз ситезаҷуёни Толибонро дар даргириҳои 27-уми октябр дар вилояти Ҳилманд нобуд кардаанд. Дар эъломияи нируҳои эътилоф, ки дируз интишор ёфт, омадааст, ки Толибон дар ин вилоят бо рокетандоз ва мусалсал ба гуруҳи муштараки посбонони афғон ва амрикоӣ ҳамла бурдаанд ва баъд аз ин амалиёт оғоз шудааст. Дар ҳодисаи дигар дар вилояти Пактико дар наздикии марз бо Покистон дар натиҷаи инфиҷори як бамгузори интиҳорӣ дар наздикии пойгоҳи нируҳои амрикоӣ ва афғон чаҳор сарбози афғон ва як ғайринизомии афғон кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ мегуянд, бамгузори интиҳорӣ, ки дар тан либоси сарбозии Афғонистонро доштааст, ба дарвозаи вурудии пойгоҳ наздик шудааст ва худро мунфаҷир сохтааст.