Боз як тӯби дигар ба дарвозаи Бангладеш

Ҳимоятгари Бангладеш Дилшод Восиевро дар ҷаримагоҳ зада афтонд ва довари қирғиз ба сӯи дарвозаи Бангладеш пеналти таъин намуд.

Нӯъмонҷон Ҳакимов ба сӯи чапи дарвоза зарба зад, вале дарвозабони меҳмонон тӯбро баргардонд. Аммо ӯ тӯбро дошта натавонист ва зарбаи дафъатан Ҳакимов тӯби саввуми худро вориди дарвоза намуд.

Дар дақиқаи 78 ҳисоб панҷ бар сифр шуд.

Дар ин байн, бангладешиҳо барои аввалин бор дар ин бозӣ як тӯби кунҷӣ ба сӯи дарвозаи Тоҷикистон заданд.

Пас аз тӯби панҷуми тоҷикон бошад, сармураббии Тоҷикистон ба майдон Самад Шоҳзуҳуровро ба ҷои Хуршед Маҳмудов ба майдон баровард.