Эътилофи таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон мегӯяд, нирӯҳои он дар ҷангҳое дар вилояти Ҳилманд наздик ба 80 мусаллаҳи Толибонро куштаанд. Ин манбаъ меафзояд, даргириҳо дар наздикии рустои машҳури Мӯсоқалъа рӯзи шанбе 6 соат идома карданд. Гуфта мешавад, даргириҳо замоне шурӯъ шуданд, ки мусаллаҳони толиб як гурӯҳи сайёри дидбонии нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро ҳадаф қарор доданд. Нирӯҳои муштарак чархболу ҳавопаймоҳои ҷангиро ба кӯмак хостанд ва ин сабаби талафоти зиёди толибҳо гардид. Намояндагони эътилоф мегӯянд, дар ин моҷаро аз ҳалокати афроди ғайринизомӣ хабар нарасидааст.