Полиси Эрон чанд китобфурӯшиеро баст, ки ҳамзамон ба муштариён қаҳва низ мефурӯхтанд. Раҳбари дафтари матбуоти полиси Теҳрон, Меҳдии Аҳмадӣ гуфт, қонуни иттиҳоди китобфурӯшон омезиш додани ду ҳирфа -- китобфурӯшӣ ва қаҳвахонадориро иҷоза намедиҳад. Қаҳвахона ва китобфурӯшиҳои ҳадафи нави саркӯбие мебошанд, ки дар моҳи апрели соли равон аз фишорҳо барои риояти қоидаи либоси занон шурӯъ шуда буд.