Посухи Амрико ба ташбеҳи Путин

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ташбеҳи президенти Русия Владимир Путинро, ки баҳси имрӯзаи марбут ба сипари зиддимушакӣ дар Аврупоро ба бӯҳрони соли 1962-и пиромуни Куба монанд донист, рад кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Шон Маккормак гуфт, дар миёни ду ҳодиса фарқиятҳои рӯшани таърихӣ мавҷуданд ва наметавонанд шабеҳи ҳамдигар шумурда шаванд. Дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар Португалия рӯзи ҷумъа, Путин гуфт, бӯҳрони миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико бар сари мушакҳои советӣ дар Куба моҳиятан ба тарҳи бунёди сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо, дар сари марзи Русия, шабоҳат дорад.