Фурӯафтии дигарбораи қурби доллари Амрико

Қурби доллари амрикоӣ дар муқобили евро ба поинтарин нуқта фурӯ афтодааст. Дар муомилаи шоми ҷумъа дар бозори бурси Ню Йорк, 1 евро ба 1,44 доллар баробар шуд. Тоҷирон ва коршиносон мегӯянд, мумкин аст, ҳафтаи оянда Бонки марказии Иёлоти Муттаҳида барои ҳифзи иқтисодиёти кишвар аз коҳиш ва қурби пули миллӣ дараҷаи баҳраро коҳиш диҳад. Қурби долларро ҳамчунин нархи афзояндаи нафт ва тило низ ба поён пахш мекунанд.