Туркия ба ҳайъати музокиракунандаи Ироқ номгӯи раҳбарони курдеро супорид, ки боздошт ва истирдоди онҳоро ба Туркия талаб дорад. Ноиби сарвазири Туркия Ҷамил Чечек гуфт, кишвараш аз Ироқ дар боздошти раҳбарони Ҳизби коргари Курдистон, ки дар шимоли Ироқ ба сар мебаранд, мадад хостааст. Ҳайъати ироқӣ гуфтааст, метавонад аз 100 нафари номбаршуда, ба камияш 18 нафарро боздошт ва истирдод кунад. Дар ҳоле ки ин гуфтушунид дар Анкара идома дорад, чархболҳои Туркия нирӯҳои наверо ба марзи Ироқ интиқол доданд. Дар ҳоли ҳозир наздик ба 100 ҳазор сарбози Туркия дар ин мавзеъ гирдоварӣ шудаанд.