Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон Қонуни Асосии нави кишварашро, ки рузи якшанбе дар райпурсӣ аз ҷониби мардум пазируфта шуд, имзо кард. Раиси ҷумҳур ҳамчунин эълон кард, ки порламони кунунӣ пароканда ва интихоботи зудраси порламонӣ тибқи Қонуни Асосии нав 16-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад.