Ирсоли даъватнома ба исроилиҳо гарон афтид

Ҳукумати Афғонистон як корманди сафорати ин кишвар дар Берлинро бо ҷурми даъвати дипломати исроилӣ ба ҷашнвора аз вазифа сабукдӯш намуд. Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон изҳор намуд, ки даъват "хатои техникӣ"-и як ходими сиёсии сафорат будааст. Моҳи август ин ходим ба сафорати Исроил дар Олмон даъватнома барои ширкат дар таҷлили Рӯзи истиқлоли Афғонистонро ирсол намудааст. Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон афзудааст, ки сафири афғон аз ирсоли ин даъватнома хабар надошт. Афғонистон ба мисли аксари мамолики исломӣ расман мавҷудияти давлати яҳудиро эътироф намекунад.