Раҷаб Тайид Эрдуғон – сарвазири Туркия изҳор кард, ки дар нишасти фаврии ҳукумат дар мавриди вокуниш ба ҳамлаи ахири мусаллаҳони курд ба низомиёни турк гуфтугӯи ҷиддӣ сурат гирифт. Дар эъломияи ба думболи нишаст нашршуда гуфта шудааст, ки "Анкара омода аст барои дифоъ аз кишвар ҳама гуна баҳоро бипардозад".
Туркия дар посух ба даъвати Котиби Давлатии ИМА Кондализа Райс барои кор гирифтан аз сабурӣ ва хештандорӣ аз Вошингтон талаб кард то алайҳи ошубгарони курд, ки дар шимоли Ироқ мустақаранд, чораҳои оҷил андешад. Имрӯз Роберт Гейтс – вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида дар Киев дар робита ба имкони амалиёти низомии Туркия алайҳи мусаллаҳони курд дар шимоли Ироқ гуфт, ки ин “амалиёт на ба манфиати Туркия аст, на ба манфиати мо ва на ба манфиати Ироқ”. Ӯ афзуд, “ман ба визири дифоъи Туркия гуфтам, ки дар ин мавзӯъ бояд ҳамкорӣ кунем ва мо таҳдиди террористӣ аз сӯи Ҳизби Коргарии Курдистонро дарк мекунем”.
Рӯзи якшанбе бар асари як ҳамлаи ғофилгиронаи мусаллаҳони курд дар марз бо Ироқ 12 низомии турк кушта шуда, чанд нафари дигар беному нишон ғайб заданд. Ба иттилоъи низомиёни Туркия, дар ҳамлаи ҷавобии онҳо беш аз 30 тан аз мусаллаҳони курд ба ҳалокат расиданд.