Имруз Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико дар Киев-пойтахти Укроин бо Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин дидор ва гуфтугу мекунад. Мулоқоти онҳо дар ҳошияи мулоқоти вазирони дифоъи 12 кишвари гуруҳи Аврупои ҷанубӣ-шарқӣ анҷом мегирад. Ин гуруҳ соли 1996 ба ибтикори Амрико дар барои тавсеъаи ҳамкориҳои амниятӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Болкон ва бо паймони НАТО ташкил шуда буд.