Имруз боздидии Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз Бритониё оғоз мешавад. Вай бо Гордон Браун-нахуствазири ин кишвар дар бораи вазъ дар Афғонистон гуфтугу хоҳад кард. Мавзуи гуфтугуҳо нақши Бритониё дар бозсозии Афғонистон, таҳкими амният ва омузиш додани артиши Афғонистон мебошад.