Қирғизистон сарқонуни нав қабул мекунад

Имрӯз дар Қирғизистон назархоҳии конститутсионӣ ҷараён дорад. Агар сарқонуни нави ин ҷумҳурӣ пуштибонии мардумӣ касб намояд, аз ин ба баъд тамоми вакилони Парламенти Қирғизистон бар пояи рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб хоҳанд шуд.

Раҳбарони мухолифини қирғиз референдумро василаи таҳкими қудрати президент Қурмонбек Боқиев номида, аз ҳаводоронашон дархост намудаанд, бар зидди лоиҳаи қонуни асосии нав овоз диҳанд.

Тахминан 2,7 миллион шаҳрванди Қирғизистон ҳақ доранд дар назархоҳӣ иштирок намоянд. Бар замми 2190 ҳавзаи овоздиҳӣ дар дохили ин кишвар тамоми сафоратҳову консулгариҳои Қирғизистон дар хориҷа ҳамчун ҳавзаи овоздиҳӣ истифода мешаванд. Референдуми Қирғизистонро 130 нозири байналмилалӣ ва беш аз 10 ҳазор нозири маҳаллӣ муроқибат мекунанд.