Президенти Русия, Владимир Путин, ҳафтаи оянда барои ширкат дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва гуфтушунидҳои дуҷонибаи Русия бо ин ҷомеа ба Португалия сафар хоҳад кард. Дафтари матбуотии Кремл гуфтааст, сафар ба рӯзҳои 25 ва 26-уми октябр рост хоҳад омад. Охирин мулоқоти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар моҳи майи имсол дар Самараи Русия ба вуқӯъ пайваста, бо ихтилофи назарҳо ва интиқод аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Русия поён ёфта буд.