Беназир Бҳутто дар инфиҷорҳо осеб надидааст

Бино ба гузоришҳои расида то ин соъат дар ду инфиҷори Карочии Покистон аз куштори дастикам 80 нафар хабар медиҳанд. Ду мошини бамгузоришуда дар наздикии корвони мошини ҳомили Беназир Бҳутто-собиқ нахуствазири Покистон ва ҳамроҳонаш мунфаҷир шудааст. Гузориш мешавад, ки хонум Беназир дар ин ҳодиса осеб надидааст. Шабакаи телвизюнии Си Эн Эн саҳнаҳоеро аз маҳали инфиҷор нишон дод ва аз қавли мақомоти маҳаллӣ гуфт, ки дар ин ду инфиҷор 108 нафар кушта шудаанд. Дируз чанд соъат пеш аз ин ҳодиса Беназир Бҳутто аз Дубай вориди Карочӣ шуд ва дар фурудгоҳи ин шаҳр мавриди истиқболи гарми садҳо ҳазор ҷонибдоронаш қарор гирифт. Вале баъд аз чанд соъати вуруд, ҳангоме, ки корвони мошинҳои ҳомили хонум Бҳутто ва ҳамроҳонаш ба суи гирдиҳамомадагон ба маҳалле дар Карочӣ раҳсипор буданд, ду мошини бамгузоришуда дар сари роҳи онҳо мунфаҷир шуд. Хонум Беназир Бҳутто баъд аз 8 соли табъид баъд аз музокирот бо Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури Покистон дар бораи тақсими қудрат ба Покистон баргашт. Тундравҳои исломӣ дар остонаи бозгашти Беназир Бҳутто таҳдид карда буданд, ки ба ҷони вай суиқасд хоҳанд кард.