Президенти Фаронса Николя Саркозӣ аз ҳамсараш хонум Сесилия ҷудо шуд. Дастгоҳи президенти Фаронса изҳороте ба табъ расонда, таъкид кардааст, ки талоқ бо мувофиқати ҳар ду ҷониб сурат гирифт.
Дар ин санад ҳамчунин зикр гардидааст, ки Николя ва Сесилия Саркозӣ дар бораи ин рӯйдод тафсилоти бештар нахоҳанд дод. Ҳафтаи ахири овоза зиёд буд, ки издивоҷи 11 солаи ин ҷуфт хотима ёфтааст.
Дар ҷараёни интихоботи президентии Фаронса Сесилия нақше бар ӯҳда нагирифт. Зиёда аз он ӯ гуфт, ки дар даври дуюми овоздиҳӣ бар зидди шавҳараш раъй дода буд.