Дируз порламони Туркия дархости ҳукумати ин кишварро дар бораи анҷоми амалимёти фаромарзӣ дар шимоли Ироқ бар зидди шуришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон ба тасвиб расонд. Ба ҷонибдорӣ аз ин санад дар порламон 507 нафар райи мувофиқ ва 19 нафар райи мухолиф доданд ва акнун ин санад ба низомиёни туркия иҷоза медиҳад, дар муддати як сол дар шимоли Ироқ бар зидди шуришиёни курд амалиёти фаромарзӣ анҷом диҳанд. Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико аз Туркия хост, ки барои оғози амалиёт бар зидди курдҳои шуришӣ ба Ироқ ниру нафиристад. Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ низ, ки худ курд аст, аз Туркия хостааст, ки аз анҷоми амлиёти низомӣ худдорӣ кунад.