Се мард дар Эрон ба дор овехта шуданд

Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ, имрӯз мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ се мардро барои одамрабоиву таҷовузи ду зан ба дор овехтаанд. Ҳукми марги мардони гунаҳгор дар маҳалли иҷрои ҷиноят - шаҳри ҷанубии Шероз ба иҷро расидааст.

Гуфта мешавад, ахиран дар Эрон мавридҳои иҷрои ҳукмҳои қатл дар баробари мардум ва саркӯбии он чи кӣ чун "аъмоли ғайришаръӣ" ёд мешавад, афзоиш меёбад.