Кондализа Райс – Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида баъди музокирот бо вазири хориҷаи Миср дар Қоҳира гуфт, ки конфаронси сулҳи Ховари Миёна моҳи ноябр ё декабр доир хоҳад шуд. Макони баргузории нишаст шаҳри Аннаполиси Амрико муқаррар шудааст.
Мақомоти Миср – миёнарави аслӣ дар музокироти миёни Исроил ва Фаластин ҳафтаҳои ахир ба зарурати баргузории ин конфаронс шубҳа мекарданд, зеро, ба гуфтаи онҳо, Исроил ва Фаластин дар мавриди бунёди давлати мустақили Фаластин то ҳанӯз ихтилофи назари ҷиддӣ доранд. Ва аммо имрӯз Аҳмад Абдул Ғайт – вазири хориҷаи Миср баъд аз мулоқот бо Кондализа Райс гуфт, ки кишвараш аз баргузории конфаронс пуштибонӣ мекунад.