Соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин

Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 то имрӯз се роҳхат ба даст овардаанд. Онҳо дар 9 моҳи аввали соли равон дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ ширкат карда, соҳиби 48 медали тило, 43 нуқра ва 67 биринҷӣ гардидаанд.

Ин нукта дар гузориши ахири Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Муовини аввали раиси ин кумита Кабир Ҷӯраев 16-уми октябр дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, аз варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда гурзандоз Дилшод Назаров, ки имсол дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Укроин пирӯз шуда буд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гаштааст. Соҳиби дигари роҳхат ба олимпиада паҳлавони тоҷик Расул Боқиев будааст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо дар Бразил дар вазни зери 73 килограмм ба дарёфти ҷои севум ноил шудааст. Чунин ҳақро ҳамчунин намояндаи дигари Тоҷикистон гуштигир Юсуф Абдусаломов ба даст овардааст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод дар шаҳри Боку дар вазни зери 84 килограмм барандаи медали нуқра гардида буд.

Дар нишасти матбуотӣ инчунин аз мавҷудияти камбудиҳои зиёд дар варзиши тоҷик тазаккур рафт.