Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, манъи тақдими раводиди сафар ба як идда мансабдорони узбакро, ки соли 2005-ум баъди куштори дастаҷамъии эътирозгарон дар Андиҷон қабул шуда буд, лағв намояд.
Қабл аз нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Люксембург комиссари равобити хориҷии ин созмон хонум Бенита Ферреро-Валднер таъкид кард, ки манъи сафар барои шаш моҳ аз эътибор соқит шудааст ва дар ҳоле идома хоҳад ёфт, ки поймолшавии ҳуқуқи башар дар Узбакистон ҷой надошта бошад.
"Вақт нишон медиҳад, ки бо ин иқдом мо то ҷое хоҳем расид ё не? Вале ҳадди ақалл мо ошкоро саъй дорем. Тавре гуфта шуд, ин кишвар сераҳолитарин мамлакати минтақа аст. Ин кишварест, ки дар стратегияи мо дар Осиёи Марказӣ зикр шудааст. Ман фикр намекунам, ки мо бояд онро канор гузорему халос.Ба фикрам мо бояд бо онҳо аҳду паймон намуда, қадам ба қадам пеш равем."
Таъқиби хунини гирдиҳамоиҳои эътирозии Андиҷон дар соли 2005-ум боис шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз аввал манъи сафари Аврупо ба як идда мансабдорони воломақоми масъули таъқиб ва сипас таҳрими фурӯши аслиҳа ба Узбакистонро ҷорӣ намояд.