Дируз ҳазорон нафар тазоҳуркунандгон ба кучаву хиёбонҳои Минск-пойтахти Белорус рехтанд, то ҷонибдории худро аз ҳамкории наздики Белорус бо Иттиҳодияи Аврупо нишон диҳанд. Александр Милинкевич-раҳбари мухолифон хитоб ба тазоҳуркунандагон гуфт, мардуми Белорус мехоҳанд тибқи қонунҳои Аврупо кору зиндагӣ кунанд, на тибқи қонунҳои диктатурӣ. Хабаргузории Ройтерз аз қавли Юлия Костская-яке аз фаъолини мухолифон гуфтааст, пулис 30 нафар аз ҷонибдорони мухолифонро дар ҷараёни ин тазоҳурот боздошт кардааст.