Нашри аввали "Нидо", қиссаи ҳунарманди тоҷик Барзу Абдураззоқов дар Фаронса дар кӯтоҳтароин фурсат ба фурӯш рафта, ҳоло ноширон нашри дуввумро омода мекунанд. Бархе аз мунаққидони фаронсавӣ гуфтаанд, китоби Барзу пас аз "Ёддоштҳо"-и Садриддини Айнӣ дуввумин китоби тоҷикие гардид, ки ба фаронсавиҳо бениҳоят хуш омад.
Стефан Дюдяден, ки ин асарро аз русӣ ба фаронсавӣ тарҷума кардааст, мегӯяд, китоби Барзуро дар Фаронса на танҳо мехонанд, балки дӯст медоранд, зеро он бо сабки вижа ва баррасии ғайриодии мушкили иҷтимоии занон дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи фаронсавиҳоро ба худ ҷалб кардааст. Дюдяден дар сӯҳбати бо ҳафтаномаи "Вечерний Душанбе" ёдовар шудааст, аввалин бор чанд сол пеш намоиши "Нидо"-и Барзуро дар саҳнаи театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд дида, ҳанӯз он вақт азм карда буд, асарро ба фаронсавӣ баргардонад. Стефан Дядяден мегӯяд, дар таърихи Фаронса кам воқеъ шудааст, ки хонандаҳо китоби нависандаи хориҷиеро дар чунин фурсати кӯтоҳ харидорӣ карда бошанд.
Худи Барзу Абдураззоқов дар бораи китоби хеш мегӯяд: "Ин асар монологи ҳашт зан аст. Монологи занҳое, ки яке корманди давлатӣ, дигаре фоҳиша, талбанда, муаллима вағайра мебошанд. Ҳар як зан ба саҳна баромада, тақдири худро якбаяк ба тамошобин нақл менамояд ва як андоза ҳам бошад, дарди дили худро холӣ месозад. Ин ҷо диолог нест, ин ҷо монолог аст. Ҳама вақт донистан мехостам, ки занҳоро чи маҷбур мекунад то ба дасти худ қалам гиранду дод гӯянд, чунин садо баланд кунанд: "Касе ҳаст, ки маро, зебоии маро бубинад ва ё як дона гул тӯҳфа кунад ё ақаллан ҳамроҳи ман бошад?" Ин "Эй вой"-и ботинии зан буд ва ман кӯшиш кардам, ки ин "Эй вой"-и занро аз забони чанд зан ба тамошобинону хонандаҳо бирасонам».
Дар идомаи сӯҳбати худ Барзу хабар дод, ки фаронсавиҳо ба қарибӣ асари дигари ӯро бо номи «Салом модар, ин манам» тарҷума хоҳанд кард. Вай гуфт, китоби "Нидо"-и ӯ, бо вуҷуди муваффақият дар Фаронса, дар худи Тоҷикистон вокунише дар пай надоштааст.