Бино ба гузоришҳо, шоми шанбе нерӯҳои Туркия ба як рустое дар шимоли Ироқ то ҳашт мушак андохтаанд. Шоҳидони айнӣ ба хабаргузории Ройтерс гуфтаанд, ки ин мушакҳо дар рустои Нездур дар панҷкилометрии сарҳади Туркия суқут кардаанд. Доир ба талафот ё харобие гузориш нарасидааст. Ин амр дар ҳоле сурат мегирад, ки Туркия дар андешаи анҷом додани амалиёти низомӣ ба зидди ҷудоихоҳони курд дар дохили Ироқ аст. Рӯзи шанбе вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс аз давлати Туркия хост, ба ҳеҷ гуна иқдоми низомӣ дар шимоли Ироқ даст назанад. Дар айни замон ду мақоми олирутбаи амрикоӣ ба Туркия сафар кардаанд, то аз бад шудани муносиботи ду кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Пештар як кумитаи Конгресси Амрико бо қабули санаде, қатли арманиҳо таввасути туркони усмониро дар замони ҷанги ҷаҳонии якумро наслкушӣ арзёбӣ кард, ки ин боиси хашми мардуми Туркия шуд.