Ҷоизаи сулҳи Нобел – ба ҳомиёни муҳити зист

Ал Гор – собиқ муовини раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид оид ба тайғири иқлим барандагони ҷоизаи Сулҳи Нобел эълон шуданд. Дар изҳороти Кумитаи Нобел "ба саҳми бузурги онҳо дар мубориза бо гармшавии иқлим ва нақши инсон дар ин раванд" ишора шудааст. Собиқ муовини президенти ИМА Ал Гор дар таҳияи филми “Ҳақиқати нороҳатсоз” ширкат кардаст, ки имсол ҷоизаи Оскарро соҳиб шуд.

Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон таҳти раҳбарии донишманди ҳинд Ранҷера Пашаурӣ дар бораи мушкилоти гармшавии иқлим барои Созмони Милали Муттаҳид гузоришҳо таҳия мекунад.