Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар аз мақомоти Русия талаб кард, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон Ҳабибулло Насруллоев барои ҳабси бидуни далел 40 ҳазор евро ҷубронпулӣ пардохт кунанд. Ба иттилоъи хабаргузории AFP, дар ҳукмнома омадааст, ки Насруллоев дар Русия фарди зери иттиҳом набуд ва алайҳи ӯ дар кишвари дигар – дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бо вуҷуди ин, мақомоти Русия ӯро боздошт карда се сол дар маҳбас нигаҳ доштанд.
AFP менависад, ҳукми Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар як ҳафта баъд аз он содир шуд, ки Додгоҳи Олии Русия талаби Додситонии кулли Тоҷикистон барои истирдоди Ҳабибулло Насруллоев ба Душанберо комилан рад кард. Додситонии кулли Тоҷикистон собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ дар Ҳисор ва собиқ раиси идораи “Тоҷикматлубот”-ро бо гумони содир кардани ҷиноёти сангин, аз ҷумла, куштор, гаравгонгирӣ, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст. Додгоҳи Аврупои ҳуқуқи башар ҳамчунин мақомоти Русияро дар он муттаҳам кардааст, ки баъд аз тасмим дар бораи раҳоии Ҳабибулло Насруллоев ӯро боз 14 рӯз дар маҳбас нигаҳ доштаанд.