Изҳороти хонум Райс дар бораи Эрон

Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико Эронро муттаҳам кард, ки дар бораи барномаҳои ҳастаиаш ба Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дуруғ мегуяд. Райс, ки қабл аз оғози боздидаш аз Маскав бо рузноманигорон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки Ирон бо пинҳонкорӣ ва дуруғгуӣ ба Бунгоҳи байналмиллалии нируи ҳастаӣ ном баровардааст. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, ки интизор меравад бо хонум Райс дар Маскав мулоқот кунад, ҳамин ҳафта гуфт, вай ҳеҷ нишонае намебинад, ки Эрон дар талоши иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ бошад.