Фатҳ дархости Ҳамосро рад кард

Созмони Фатҳи раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин гуфт, то замоне, ки Ҳамос контроли Навори Ғаззаро дар ихтиёри онҳо нагузорад, бо ин созмон музокирот нахоҳад кард.

Созмони Ҳамос моҳи июн дар як низоъе бо Фатҳ таҳти контроли худ даровард. Рӯзи чаҳоршанбе раҳбари Ҳамос Исмоил Ҳония гуфт, ки омодаи музокироти оштӣ бо Фатҳ буда ва ҳозир аст, назорати Ғаззаро ба ихтиёри созмони Фатҳ гузорад. Давлати Исроил эълом кард, гуфтугу миёни ин ду созмони рақиб шанси созиши сулҳ байни Исроил ва Фаластиниҳоро бештар хоҳад кард.