Академияи салтанатии Шведсия ё Сувед имрӯз Ҷоизаи Нобел дар кимиёро ба донишманди олмонӣ Герҳардт Эртл тақдим кард. Ҳайъати доварон мегӯяд, тадқиқи равандҳои кимиёӣ дар рӯяи маводи сахт, ки Эртл анҷом додааст, ба мо кумак мекунад, иллати занг задани оҳан, навҳаи амали аносири сӯхт ва тарзи кори катализатори мошинҳои моро бифаҳмем. Худи Эртл ин хабарро дар Берлин шунид ва мегӯяд: "Соати ёздаҳуним аз Шведсия ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки баранда шудаам, вале бояд як ним соати дигар то эълони расмӣ хомӯш бошам. Ман безабон будам ва наздик ба гиристан." Ҷоизаи имсолаи Нобел дар кимиё ба 1 миллиону 500 ҳазор доллар баробар мебошад.