Барканории вазири қирғиз зимни болоравии нархҳо

Президенти Қирғизистон Қурманбек Боқиев имрӯз вазири рушди иқтисодӣ ва шаҳрдори Бишкек, пойтахти кишварашро, аз мақомашон барканор кард. Боқиев вазири рушди иқтисодӣ Собирбек Молдоқуловро барои он аз кор гирифт, ки натавонистааст, дар баробари болоравии нархи маводи озуқа дар Қирғизистон иқдоме пиёда кунад. Вай Молдоқуловро рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумат танқид кард, ки натавонистааст, ба вазъият таъсире расонад. Президенти Қирғизистон ҳамчунин шаҳрдори Бишкек Арстанбек Ногоевро аз вазифа барканор кард ва собиқ ноиби аввали сарвазир Дониёр Усейновро ба ҷои ӯ шаҳрдор таъин намуд.