10-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии зидди ҳукми қатл аст

Панҷ сол пеш даҳуми октябр рузи ҷаҳонии зидди ҳукми қатл эълон шуд. Соли ҷорӣ Аврупо низ даҳуми октябрро рузи аврупоӣ эълон кард. Соли гузашта дар 25 кишвари ҷаҳон ҳукми қатли 1 591 нафар зиндонӣ иҷро шуд ва онҳо ба қатл расонда шуданд. Дар 55 кишвар 3 861 нафар ҳукми эъдом гирифтанд. Тибқи гузориши Амнести Интернешенал ё Созмони Афви Байналмилал, кишварҳое, ки дар ин миён нишондиҳандаи хуб надоранд, Чин, Амрико, Ирон, Ироқ, Покистон ва Судон мебошанд. То ҳол 133 кишвар аз муҷозоти эъдом даст кашидаанд ё онро иҷро намекунанд. Ахиран Руандаву Либериё, Мексикову Филиппин, Қирғизистону Туркия ва Боснияву Ҳерзегувин ҳукми қатлро бекор карданд.

Дар Узбакистон қонуне ба тасвиб хоҳад расид, ки тибқи он аз аввали соли 2008 ба ҷои ҳукми қатл ҳабси абад ҷорӣ хоҳад шуд. Дар Қирғизистон аз соли 1998 аз иҷрои ҳукми қатл худдорӣ мешавад. Вале соли 2006 Қонуни асосии нав ба тасвиб расид ва дар он ҳукми қатл пешбинӣ нашудааст. Дар Қазоқистон барои даҳ ҷинояти сангин аз қабили терроризм ҳукми қатл боқӣ мондаст ва гуфта мешавад, ҳоло дар ин кишвар 31 маҳкумшуда ба қатл дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Дар Гурҷистон аз соли 1997 ҳукми қатл вуҷуд надорад. Дар Молдова аз 29-уми июни соли гузашта, яъне соли 2006 ҳукми қатл бекор шуд. Думои Давлатии Руссия 15-уми ноябри соли 2006 қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он моратория ё иҷро нашудани ҳукми қатл то соли 2010-ум тамдид шуд.