Саркозӣ вориди Маскав шуд

Николя Саркозӣ - раисиҷумҳури Фаронса вориди Маскав шуд. Ин нахустин сафари расмии Саркозӣ ба Русия ба ҳайси сарвари Фаронса аст. Интизор меравад, ки дар ҷараёни гуфтушуниди миёни Владимир Путин ва Николя Саркозӣ масоили марбут ба равобити Русия ва Иттиҳодияи Аврупо, тарҳи мустақаршавии системи зидди ҳамлаи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар Аврупо, вазъи Ховари Миёна ва барномаи ҳастаии Эрон баррасӣ шавад.

Дар арафаи сафари худ ба Русия Николя Саркозӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорони рус хостори таҳкими равобити миёни Аврупову Русия ва густариши таҳримҳо алайҳи Эрон шуда буд.