Имрӯз раиси ширкати “Газпром”-и Русия Алексей Миллер ва вазири энерҷии Укроин Юрий Бойко зери созишнома оид ба танзими мушкили қарзи Укроин барои гази Русия имзо гузоштанд. Дар ин санад омадааст, ки ин қарзи беш аз 1 миллиард долларӣ бояд то рӯзи 1 ноябр пардохта шавад. Дар сурати напардохтани қарз Газпром интиқоли газ ба Укроинро коҳиш хоҳад дод.
Мавзӯъи қарзи Укроин барои гази Русия имрӯз дар мулоқоти сарвазирҳои ду кишвар Виктор Зубков ва Виктор Янукович низ баррасӣ шуд. Ба гуфтаи Зубков, як бахши қарз аз ҳисоби интиқоли газ аз анборҳои Укроин ба “Газпром” пардохта хоҳад шуд. Маблағи боқимондаро ширкатҳои “Росукрэнерго” ва “Нафтагаз Укроина” мепардозанд.