Пулиси шаҳри Маскав хабар додааст, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон бо чандин захми корд дар бемористони шаҳри Видное, воқеъ дар ҳошияи пойтахт хобонида шудаанд.
Онҳо бештар дар қисмати шикам захм хурдаанд.
Маҷруҳон ба пулис гуфтаанд, ба онҳо рузи якшанбе ( 7 октябр) ҳафт нафар дар роҳи зеризаминии километри 31, ҳалқароҳи Маскав ҳамла карданд.
Пулис гуфтаааст, дар ин замина ҳануз касе боздошт нашудааст, аммо бозрасӣ робитаи гурӯҳҳои ҷавонони миллатгарои шаҳр ба ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.