Имруз боздиди Ҳовиер Солана-мудири бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мешавад. Вай дар ҷараёни ин боздид бо кишварҳои ин минтақа ҳамкориҳои энержӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва масоили дигарро баррасӣ мекунад. Боздиди оқои Солана ду руз, яъне то 10-уми октябр давом мекунад ва вай дар ин муддат аз Туркманистону Қирғизистон ва Қазоқистон боздид хоҳад кард. Боздиди Ҳавиер Соланаро навъе марҳалаи ҷадид дар ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хондаанд. Стротегияи нави ин ҳамкориҳо моҳи июни соли ҷорӣ пайрезӣ шуда буд.