Тоҷикистон ҳама марзҳояшро баст

Ба хотири таъмини бехатарии баргузории нишастҳои сарони кишварҳои узви ИДМ, созмони Паймони амнияти дастачамъӣ ва созмони иктисодии Авросиё дар Душанбе Тоҷикистон марзҳояш бо тамоми кишварҳои ҳамсояро, ба шумули Афғонистон ва Узбакистон, аз 3-вум то 10-уми октябр бастааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи сарраёсати нерӯҳои марзбони кишвар, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: «Ба сабаби таъмини бехатарии давлат дар ин рӯзҳо тамоми гузаргоҳҳои марзӣ баста хоҳанд шуд. Иҷозаи убуру мурур танҳо ба кормандони дипломатии кишварҳои дигар ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дода шудааст». Оқои Раҳматуллоев афзуд, ки дар рӯзҳои баста будани гузаргоҳҳои марзӣ ба одамоне, ки бо зарурати сахт, масалан барои гӯронидани хешовандони худ, ба кишварҳои ҳамсоя мераванд, ба тариқи истисно иҷозаи убур хоҳанд ёфт.

Ба иттилоъи сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар қисматҳое аз марзи байни Тоҷикистону Афғонистон муваққатан дидбонгоҳҳои иловагӣ гузошта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки кори хадамоти худро низ шабонарӯзӣ ба роҳ монда, тамоми роҳу иншоот ва биноҳои муҳими стратегиро зери ҳимоят ва назорат гирифтааст. Барои таъмини тартиби ҷамъиятӣ дар рӯзҳои баргузории саммит, созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва созмони иқтисодии Авросиё дар Тоҷикистон 7 000 пулис ва кормандони хадамоти махсус ҷалб шудаанд.