Шикояти Узбакистон аз бунёди нерӯгоҳҳо дар СММ

Узбакистон дар Маҷмаъи умумии СММ аз наҳваи тақсими манобеъи обӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ кард.


Владимир Норов - вазири хориҷаи Узбакистон дар баробари намояндагони кишварҳои дигар дар ин маҷмаъ суханронӣ кард ва гуфт, масъалаи тақсими об дар Осиёи Марказӣ беш аз пеш нигарониҳои Узбакистонро ба бор овардааст ва он мумкин аст боиси муноқишаҳои минтақавӣ низ шавад.


Вай аз бунёди худсаронаи ниругоҳҳои барқи обӣ дар рудхонаҳои фаромарзӣ суҳбат кард.


Тафсилоти ин хабарро дар гӯшаи Барги сабз бихонед.