Кӯчидани "Мирож"-и Фаронса аз Душанбе ба Қандаҳор

Фаронса се ҳавопаймои "Мирож"-и худро аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба пойгоҳи нирӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ дар Қандаҳор, ҷануби Афғонистон интиқол дод. Намояндаи ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Фаронса Кристоф Прасюк хабар дод, ки ин ҳавопаймоҳо бо муваффақият дар Қандаҳор фуруд омаданд. Вай афзуд, се ҳавопаймои дигар ҳамсон, ки алҳол дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боқӣ мондаанд, низ дар поёни моҳи октябр ба Қандаҳор хоҳанд кӯчид.


Тасмими Фаронса ба нақли ҳавопаймоҳояш аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар рафти сафари вазири дифоъи Фаронса Эрве Морен ба Душанбе эълон шуда буд. Вале вай гуфтааст, ин нақли макон муваққатӣ буда, баъд аз иҷрои вазифа дар Қандаҳор ҳавопаймоҳо дубора ба Душанбе хоҳанд баргашт.


Ҳавопаймоҳои ҷангии "Мирож"-и Фаронса аз соли 2001 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷойгир буданд ва парвозҳои худро ба Афғонистон аз ин ҷо анҷом медоданд.