EBRD раводиди осондарёфти Тоҷикистонро мехоҳад

Бонки аврупоии бозсохт ва рушд аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои дарёфти раводиди ин кишвар ба ходимони ин муассиса шароити боимтиёз муқаррар кунад. Ин матлаб дар дидори Матю ле Блана - раҳбари намояндагии Бонк дар Тоҷикистон бо Эркин Қосимов - муовини вазири хориҷа матраҳ гардидааст.


Дар як моҳи пеш Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, ки низоми дарёфти раводид барои атбоъи хориҷиро тағйир медиҳад. Оқои ле Блана гуфт, дар сурати ҷорӣ кардани наҳваи нави дарёфти раводиди Тоҷикистон кормандони Бонки аврупоии бозсохт ва рушд, ки бештар шаҳрвандони Бритониё мебошанд, дучори мушкилот мешаванд.


Сухангӯи ВУХ Тоҷикистон Давлат Назрӣ гуфт, Тоҷикистон бо дархости муассисоти молӣ ва кишварҳои кӯмакрасон аз тирамоҳи соли гузашта барои 68 кишвари дунё шароити сода ва осони дарёфти раводиди вурудӣ ба Тоҷикистонро муқаррар кард. Вале ин муассисот, ки мебоист идораи консулгарии вазоратро дар фурудгоҳи Душанбе бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ месохтаанд, дар иҷрои тааҳҳудоти худ таъхир карданд. Барои анҷоми ҳамаи ин корҳо панҷмиллион доллари амрикоӣ зарур будааст, ки ин маблағро ҳукумати Тоҷикистон надоштааст. Ва агар то моҳи ноябр дар фурудгоҳи Душанбе шароити зарурӣ барои фаъолияти бахши консулӣ ба вуҷуд оварда нашавад, Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки дар мавриди маҳдуд кардани гирифтани раводид чораҳо андешад.


Ва дар бораи аз байн бурдани маҳдудият ҳангоми додани раводид ба шаҳрвандони Британия бошад, Давлат Назрӣ изҳор дошт, ки агар сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон додани раводидро ба шаҳрвандони мо дар Душанбе оғоз кунад, ҳамон замон ин маҳдудият барои шаҳрвандони Британия аз байн бурда мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо вуҷуди он ки аз соли 2001 инҷониб дар Душанбе сафорати Британия фаъолият дорад, раводидро барои сафар ба ин кишвар дар Алмаато ё дар Маскав дарёфт мекунанд, ки ин хеле гарон аст.


Ва аммо низоми нави дарёфти раводид барои атбоъи хориҷӣ дар моҳи ноябр ба иҷро дароварда хоҳад шуд.