Норозигии ширкатҳои мобилӣ аз лоиҳаи нави қонун

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон норозигии худ аз лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси молиёти кишварро баён кардаанд. Дар ин лоиҳа молиёти ғайримустақими хадамоти телефони ҳамроҳ дар ҳаҷми ду дарсад аз арзиши хидмати ироашуда муқаррар шудааст. Гуфта мешавад, ин меъёр метавонад бисёре аз ширкатҳои мобилиро водор ба гарон кардани ҳаққи хидмат намояд ва ё тадриҷан аз саҳнаи хидматгузории маишӣ дур кунад.

Ғафур Иркаев, раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гуфт, дар ҳар кишвари ҷаҳон аксиз ё молиёти ғайримустақим танҳо барои молу колои аз лиҳози иҷтимоӣ зиёновар, мисли сӯзишворӣ, ки муҳитро олуда мекунад, машрубот ва сигор, ки ба саломатӣ таъсири бад дорад, муқаррар мешавад ва ҳадаф аз ин тасмим ин аст, ки мизони воридоти ин гуна мол ба кишвар коҳиш ёбад.

Масъулини риштаи молиёти ғайримустақими Кумитаи андози Тоҷикистон ҳозир нашуданд, сабаби ворид намудани молиёти ғайримустақими хадамоти телефони ҳамроҳ ба лоиҳаи нави қонунро шарҳ бидиҳанд. Дар ин кумита гуфтанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст ва феълан намешавад оид ба ҷузъиёти он чизе гуфт.

Феълан, дар Тоҷикистон нӯҳ ширкати мобилӣ фаъолият карда, шумори муштариён беш аз як миллион нафар унвон мешавад. Даромади солонаи ин ширкатҳо имсол ҳудуди 130 миллион доллари амрикоиро ташкил дода ва аз ин беш аз 20 миллион доллараш ба ҳисоби молиёт пардохт мешавад.

Дар муроҷиатномаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба унвони раисҷумҳур омадааст, ки дар панҷ соли гузашта моликони ширкатҳои мазкур даҳҳо миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди ин кишвар сармоя ворид ва бо ин барои коҳиши мизони нодорӣ дар Тоҷикистон мусоидат кардаанд. Ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодекси андози Тоҷикистон таври лозим, мавриди баррасии умум қарор нагирифтааст ва аз раиси ҷумҳур тақозо кардаанд, то арзу пешниҳодоти онҳо низ ба инобат гирифта шавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе