Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии як размандаи собиқи Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷикро ба поён бурда ӯро ба 25 сол равонаи зиндон кард.
Тафтишот ин нафарро барои содир кардани ҷиноёти роҳзанӣ, гаравгонгирӣ ва ғоратгарӣ муттаҳам кардаанд. Гуфта мешавад, маҳкумшуда Талабшо Раҳимов - узви дастаи фармондеҳ мулло Абдулло Раҳимов-мулаққаб ба кӯри Абдулло аз Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик будааст.
Додрас Азиз Бӯриев аз айбномаи Талабшоҳ Раҳимов ва аъзои дастаи мулло Абдулло чанд мисол овард:
• Гаравгонгирии як сокини ноҳияи Нуробод ва озод кардани ӯ бар ивази 150 ҳазор рубли русӣ
• Гаравгонгирии як сокини ноҳияи Ваҳдат ва озод кардани ӯ бар ивази 500 доллари амрикоӣ
• Ҷабран ситонидани як тонна аз як раиси воҳиди кишоварзӣ дар ноҳияи Ваҳдат дар тирамоҳи соли 2003 ва фурӯши он
Мақомоти тафтишотии ноҳияи Нуробод бар асоси қавонини афви солҳои 1999 ва 2003 иттиҳоми ширкат дар куштори одам дар ҳайъати дастаи мусаллаҳи ғайриқонуниро аз парвандаи ӯ лағв кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Зебо Камолова – вакили дифои Талабшо Раҳимов мегӯяд, ба ҳукми додгоҳ розӣ нест ва дурустии ин ҳукмро дар додгоҳи таҷдиди назар ба баҳс хоҳад кашид.
Талабшо Раҳимов соли 1996 шомили дастаи фармондеҳ мулло Абдулло шуда ва дар амалиёти ҷангӣ алайҳи неруҳои давлатӣ иштирок кардааст. Ӯ моҳи апрели соли 2006 аз сӯи неруҳои амниятии Тоҷкистон дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.