Қатъи фаъолияти ҷунбиши Феликс Қулов

Ҷунбиши “Барои фардои шоистаи Қирғизистон” – як ҷунбиши мухолифи ҳукумат дар бораи қатъи фаъолияти худ хабар дод.


Дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек раҳбари ҷунбиш, сарвазири собиқи кишвар Феликс Қулов изҳор кард, ки ҳадаф аз таъсиси ҷунбиш – баргузории ислоҳот дар Қонуни асосӣ буд.


Ба гуфтаи Қулов, ҷунбиш ба ислоҳоти конститутсионӣ даст ёфт ва аз ин рӯ дигар ба мавҷудияташ ниёзе намондааст.