Таҷаммӯъи дубораи занони Зайнабобод

Беш аз панҷоҳ зани сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба нишони эътироз аз тахриби манозили маскунӣ рӯзи 22 сентябр дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд.


Ин гурӯҳ дар ду рӯзи қабл низ ба манзури ҷилавгирӣ аз тахриби манозили худ дар назди қасри раисҷумҳур гирд омада буд. Ин занон сокинони рустои Зайнабободи ноҳияи мазкур мебошанд, ки бар асоси дастури мақомоти маҳаллӣ хонаҳояшон бояд дар зудтарин фурсат тахриб шавад. Масъулини ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони хонаҳои истиқоматии ин нафарон дар назди корхонаи мурғпарвариро ғайриқонунӣ ҳисобида тахлияи манозилро аз сокинин тақозо кардаанд. Гуфта мешавад, қарори тахриби хонаҳои истиқоматии сокинони деҳаи Зайнабобод аз сӯи Додситонии кулли кишвар иттихоз шудааст.


Ба таъйиди манобеъи наздик ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, беш аз чаҳорсад манзили маскунӣ дар ин маҳалла бо ғасби замин ва бидуни иҷозаи расмӣ сохта шудааст. Ин дар ҳолест, ки сокинони маҳалли мазкур иддао доранд, ҳама асноди ҳуқуқӣ барои истифодаи замин ва бунёди манзил дар ин мавзеъро бо роҳи қонунӣ ба даст овардаанд.


Дар таҷаммӯъи имрӯз як зан ба хабарнигорон гуфт, ӯ чорае ба ҷуз аз худсӯзӣ надорад, агар манзили ӯ тахриб ва фарзандонаш бесарпаноҳ бимонанд.


Ходимони пулис ва амниятии Душанбе занони эътирозгарро аз назди кохи раёсати ҷумҳурӣ ба назди бинои театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ронда баъди чанд лаҳза савори чаҳор минибус карда ва ба самти ноҳияи Рӯдакӣ фиристоданд.