Эътирози рондашудагони Зайнабобод

Як гурӯҳи 30-нафараи сокинони деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба нишони эътироз аз амалкарди мақомоти ин ноҳия дар назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон гирд омаданд. Онҳо аз мақомоти додситонӣ тақозо карданд, ки ҷиҳати масъалаи онҳо дар робита ба аз тарафи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ тахриб шудани манзилҳояшон фавран расидагӣ шавад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 100 нафар истиқоматкунандагони ин деҳа ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ рафта, аз мақомоти ноҳия тақозои ҳамгунро карданд. Муовини раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфов ба онҳо гуфтааст, ки тахриби манозил дар деҳаи Зайнабобод тибқи амри додситони кулли Тоҷикистон сурат мегирад.


Ҳузури ин афрод дар назди сохтмони додситонӣ зиёд тӯл накашид. Пас аз онки яке аз муовинони додситони кулл 4 нафари онҳоро ба ҳузур пазируфта ба иддаъояшон гӯш додааст, онҳо ба деҳаи худ баргаштанд. Бибиҳаво Аъзамқулова, яке аз ин нафароне, ки бо муовини додситони кулл мулоқот доштааст, аз ҷумла гуфт: «Ҳеҷ ниҳоде ба додамон намерасад ва мо дигар илоҷ надорем, ҷуз ин ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ биравем ва аз худи раиси ҷумҳур дархост бикунем, ки масъалаи моро бубинад…»


Гуфта мешавад, ҳанӯз 20-уми июни соли равон Додситони кулли Тоҷикистон амре содир кард, ки, мутобиқ ба он, манозили дар деҳаи Зайнабобод бунёдшуда санади ҳуқуқӣ надошта ва бояд тахриб шаванд. Мақомоти додситонӣ мегӯянд, дар мавриди аз манозилашон берун карда шудан ё комилан тахриб гардидани хонаҳояшон сокинони деҳаи Зайнабобод метавонанд, ки аз тариқи муҳокимаи додгоҳӣ зарари моливу маънавии худро ҷуброн кунанд.


Гуфта мешавад, феълан ба аҳли 400 хонаводаи ин деҳа хатари дар пешорӯи зимистон бидуни манзил мондан таҳдид мекунад.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе.